Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти “Деҳмой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ки ба тозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои корҳои таҷдиду азнавсозии Маркази мазкур 27,4 млн. сомонӣ сарф шуда, дар баробари таҷдиду азнавсозӣ, Маркази мазкур бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Марказ дорои 200 ҷойи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, утоқи рентгенӣ, ҳуҷраи занона ва утоқҳои алоҳида барои ташхису табобат буда, дар онҳо беҳтарин шароиту имкониятҳои хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, иштирок намуд.
Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дар заминаи як иншооти бекорхобида аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шуда, дорои 32 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад.
Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи созгори шаҳри Бӯстон қомат афрохтааст ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона ва дармонгоҳу маркази саломатӣ дар наздиктарин масофаи он ҷойгир мебошанд.



Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026
Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста