Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон аз 13 октябри соли равон ва қарорҳои ҳукумат, дар Гвардияи миллии ҷумҳуӣ ва чанде аз сохторҳои ҳукумат тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Тоҷикистон озод ва подполковник Бобохонзода Ҷӯрахон Мирзозон ба ин вазифа таъин карда шуд. Полковник Одиназода командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ таъин карда шуд.

Бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, Иброҳим Ҷобиров бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» озод ва Лоиқ Ашӯров ба ин вазифа таъин гардид.

Мувофиқи амрҳои президент, Қаҳор Ойматов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи  президент озод карда шуд. Ваколати директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди президенти ҶТ Исроил Носиров бо сабаби вафоташ қатъ гардида, ба ин вазифа Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин таъин шуд, ки вакили палатаи поёнии парлумон аст.

Ҳамчунин Комилиён Файзалӣ Саъдулло муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Тоҷикистон» таъин карда шуд.