Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пойтахти Маҷористон - шаҳри Будапешт қарор дорад, пагоҳ, 2 декабр бо сафари расмӣ ба Чехия меравад. Ин сафари ҷавобӣ бо даъвати президенти Чехия аст, ки зимни сафараш ба Тоҷикистон садо дода буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаҳои сафар ва гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Чехия Милош Земан имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2014 президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Аз рӯи натиҷаҳои ин сафар Эъломияи муштараки Президенти Тоҷикистон ва Президенти Чехия қабул шуда, ҳамчунин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Чехия; Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расид.

Зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан аз натиҷаҳои вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои расмӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, таъкид доштанд, ки ҳарду кишвар ба таҳким ва густариши муносибатҳо манфиатдоранд.