Дар шаҳри Будапешт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқоти корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ карда шуд.


Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи сафиронро ба "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ва ҷалби ҳарчи бештари шарикони Аврупои дар татбиқи ин Барнома ҷалб намуда, доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва туризм, робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастурҳои зарурӣ дод.

Пешвои миллат изҳор дошт, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон бахусус Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 бояд нақши муассир дошта, дар ҳамаи сатҳҳо ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои узви СММ ва сохторҳои дахлдори он, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи нав ба роҳ монда шавад.


Ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои муосир бахусус терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид.