Натиҷаҳои пешакии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо дар соли 2017 ҳамасола дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати таҳилу баррасӣ мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ доир ба фаъолият дар соли сипаришуда шунида мешаванд.
Таҷриба гувоҳи он аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумат ҳамасола аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон миёни роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар тағйироти кадрӣ сурат мегирад.
Ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумат маъмулан баъди соли нав гузаронида мешуданд, вале имсол он бори нахуст моҳи декабр доир мегардад. Ҳамчунин паёми президент ба парлумон, ки маъмулан моҳи январ сурат мегирифт, соли равон 22 декабр ироа мешавад.



