Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Истамбули Туркия ба президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият иросл намуд.
«Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷеабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истамбул тассалияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол медорам», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ин амали интиҳории ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро ба ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.
Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба осебдидагон шифои комил хостааст.



