Раиси шаҳри Душане Рустами Эмомалӣ дар бораи расонидани кумаки якдафъаинаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин кумак ба муносибати таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлоляити давлатии Тоҷикистон расонида мешавад.
Тибқи ин қарор, 42 нафар собиқадорони ҶБВ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг ҳалокшуда ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.
Ба 415 нафар сарбозони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил, шахсони дар муҳосираиЛенинград қарордошта, шахсоне, ки дар ақибгоҳ ба ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд, 500-сомонигӣ дода мешавад.
Ҳамчунин ҳудуди 4 ҳазору 650 нафар кормандони раёсатҳои истифодбарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ҳар кадоме бо 1 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Барои расонидани кумаки моддии якдафъаина ба гурӯҳи шахсони дар боло зикршуда аз буҷети пойтахт дар маҷмӯъ 4 млн. 895 ҳазору 300 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
Раиси пойтахт ба муовинони худ дастур дод, ки то 6 сентябр ба дасти шахсони зикршуда расидани кумакпулии якдафъаинаро таъмин созанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста