Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки навбунёди Меҳрон нахуст бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуд. Бинои беморхонаи марказӣ дуошёна аст ва дар муддати кӯтоҳ барои 60 кати хоб сохта шудааст.

Сипаср шаҳраки Меҳрон ҳамчунин бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст. Бино16 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст дошта, дорои шароити хуби корӣ мебошад.

Дар идома бо ҳузури Президенти мамалакат бинои нави филиали рақами 41-и БДА Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ин ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудааст.

Гуфта мешавад Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Масоҳати бинои нав 1200 метри мураббаъ буда, он аз 2 ошёна ва 28 утоқи корӣ иборат мебошад. Бинои мақомоти суд бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд ёфта, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамзамон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра чароғон ва  роҳравҳои  гирду атрофи  он пурра  сафолакпӯш карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон иштирок кард. Баландии Парчами давлатӣ 36 метр, паҳноии матои он 5 ва дарозиаш 10 метрро ташкил намуда, атрофи он дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими ба истифода додани бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳузур дошт. Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ - утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, инчунин ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ду утоқи кории махсус барои ситоди ҳолатҳои фавқулодда ҷойгир карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.