Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамроҳ бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маросими ба истифода додани бузургтарин аквапарк дар минтақаи Осиёи Марказӣ - “Кӯли Душанбе” иштирок мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Майдони фарогири аквапарк 15 гектарро ашкил медиҳад. Аз 31 август ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз ин аквапарк боздид намуда, аз хизматгузориҳои он барои истироҳату фароғат истифода баранд. Воридшавӣ барои кӯдакони қадашон то 140 см ва шахсони синни аз 50-сола боло бепул аст. Барои шахсони калонсоли дигар синнусол нархи воридшавӣ - 120 сомонӣ ва кӯдакон - 50 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар идома Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зарафшон бинои нави мактаби таҳсилоти умумии №96, дар кӯчаи Клара Сеткин коллеҷи хусусии иҷтимоӣ-тиббӣ ва дар кӯчаи Маҳмадулло Холов литесйи шаҳрии №3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастури президенти Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 60 ҳазор иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода мешаванд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.