Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонуни ҶТ “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”-ро қабул кард, ки мутобиқи он дар ин корхонаҳо Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон рӯзи 23-юми октябр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода гуфт, ки ин тадбирҳо ба амалисозии Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои давраи солҳои 2016-2020 равона шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи қонуни амалкунандаи ҶТ “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”, роҳбари корхона бо усули “яккасардорӣ” амал карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мустақилона ҳал мекунад.
Ҳамрализода таъкид дошт, ки тағйироти пешниҳодшуда ба ҷорисозии усули муосири идоракунӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва роҳандозии фаъолияти босамари ин корхонаҳо равона мешавад.
Дар тағйирот, ба қавли ӯ, ташкили Шӯрои нозирон пешбинӣ шудааст, ки назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатиро таъмин мекунад. Зимнан сатҳи масъулияти роҳбари корхона баландтар мешавад.
Ҳамрализода гуфт, ки дар тағйирот Шӯрои нозирон мақоми идоракунӣ ва роҳбари корхонаи давлатӣ мақоми иҷроия муқаррар шудааст.
Таъкид шуд, ки аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарони корхонаҳои давлатиро ҳукумати ҷумҳурӣ таъин мекунад.
Ба гуфтаи раиси Кумита, ба истиснои масоили ба ваколати муассис (ҳукумат) ва роҳбари корхона дахлдошта, Шӯрои нозирон идоракунии умумии корхонаи давлатиро амалӣ месозад.
Зикр шуд, ки ваколатҳои Шӯрои нозирон аз муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхона, тасдиқи буҷети солона, ҳисоботдиҳӣ, аудитор ва дигар масъалаҳо иборат мебошад.
“Роҳбари корхонаи давлатӣ ба Шӯрои нозирон ҳисобот медиҳад”, - иброз дошт Ҳамрализода.
Ӯ таъкид дошт, ки барои якбора дар 789 корхонаи давлатии айни замон дар кишвар мавҷудбуда таъсис додани Шӯроҳои нозирон зарурате ҷой надорад. “Ин раванд давра ба давра амалӣ хоҳад шуд”, - афзуд раиси Кумита.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста