Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро ба барафрохтани он дар биноҳои истиқоматӣ даъват мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, шаҳрдорӣ ҳамчунин ба ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон дастур додааст, ки дар рӯзи ҷашн намои (фасад)-и биноҳои худро идона зебу оро диҳанд.
Бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, дар ин рӯз ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо парчамҳои Тоҷикистон идона зинат дода шуда, дар шаҳр консерту сайругашти оммавӣ ва чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд.
Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола санаи 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана расман соли 2009 бо фармони Президент тасдиқ шуд. Ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Соли 2016 ба қонун “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” тағйирот ворид шуда, мувофиқи онҳо шаҳрвандони кишвар ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ба барафрохтани онҳо дар биноҳои истиқооматӣ ҳуқуқ пайдо карданд.
Қонуни соли 2007 қабулшудаи Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” ба барафрохтани парчами кишвар танҳо дар биноҳои мақомоти давлатӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангу истироҳат ҳуқуқ медод.
Қобили зикр аст, ки соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳ бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста