Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаи худ ба парлумон изҳор дошт, ки ҳадафи асосии ҳукумат дар соли оянда таъмини зиндагии шоиста ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум боқӣ мемонад.
Сарвари давлат қайд кард, ки барномаи пешазинтихоботии ӯ, ки дар интихоботи президентии тирамоҳи соли 2013 қабул шуда буд, имрӯз ба иҷро расидааст.
“Соли равон сатҳи афзоиши воқеии ММД-и Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода, ҳукуматро лозим аст, ки афзоиши онро дар соли оянда дар сатҳи 7,8% таъмин кунад”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон ба зиёда аз 9,5 млн. нафар ва давомнокии умр ба ҳисоби миёна ба 75 сол расидааст.
Раисҷумҳур изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба кормандони соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва соҳибкорон ҳудуди 30 имтиёзу сабукиҳо дар пардохти андоз пешниҳод шудааст, ки тайи ду соли охир ба буҷет аз ин ҳисоб беш аз 15 млрд. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.
Дар ҳамин ҳол, сарвари давлат таъкид дошт, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар зарфи 2 сол 6 маротиба камтар шудааст.
“Танҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои 2013-2019 ба маблағи умумии 13,2 млрд. сомонӣ 80 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида, соли 2020 ҳукумат ният дорад, ки ба маблағи 3,8 млрд. сомонӣ 20 лоиҳаи нави сармоягузориро татбиқ кунад”, - гуфт раисҷумҳур.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тарзи баҳодиҳии донистани забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон бозбинӣ мешавад
Сафари расмии сарвазири Тоҷикистон ба Эрон оғоз шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур, Гусфанд, Гов ва дастаи алаф”
“Баргардонидани номи неки ҳизб”. Раиси ҲДТ ҳадафи аслии ширкати ҳизбаш дар интихоботи парлумониро гуфт
«Азия-Плюс» ба муассисаи ислоҳии кӯдакон зиёда аз 300 китоб ҳадя кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 феврали соли 2025
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста