Имрӯз, 28-уми феврал ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлуомни ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар ҷаласа бо ҳисобот дар бораи фаъолияти парлумони касбии даъвати ҳозира раиси палата Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вакилони мардумии даъвати кунунии парлумон алҳол ваколатҳои худро намесупоранд.

“Вакилони ҳозираи парлумон танҳо баъди ба фаъолият оғоз намудани парлумони тозаинтихоб, ки тахминан рӯзи 16-уми март аст, ба истеъфо мераванд”, - гуфт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, Шукурҷон Зуҳуров, ки муддати 10 сол (аз моҳи марти соли 2010 то моҳи марти соли 2020) ба ҳайси раиси палатаи поёнии парлумон ифои вазифа кард, дар бораи дастовард ва камбудиҳои фаъолияти парлумони касбӣ тӯли панҷ соли охир маълумот медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 63 нафар вакилони мардумии даъвати ҳозираи парлумон 21 нафарашон ният доранд, ки бори дигар ба боварии интихобкунандагон сазовор шуда, ба курсии вакилӣ соҳиб шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.