Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ба тавозуни пойтахт гузаронидани заминҳои як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҷонибдорӣ кард.

Ҳиссаи зиёди қаламрави ҷамоатҳои Чимтеппа (2770,34 га), Сарикиштӣ (1687,64 га), Россия (1305,53 га) ва Гулистон (919,12 га) ба қаламрави Душанбе дохил мешаванд.

Узви Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зимни иҷлосия зикр кард, ки қисме аз қаламрави ҷамоатҳои Чортеппа (497,36 га), Чоряккорон (477,26 га) ва 2 гектар замини ҷамоати Навобод низ ба тавозуни пойтахт мегузарад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамин тариқ Душанбе ба масоҳати 7 659,25 гектар васеъ шуда, акнун майдони умумии он 20 ҳазору 318,25 гектарро ташкил медиҳад. То 1-уми январи соли 2018 масоҳати қаламрави пойтахт ба 12 ҳазору 659 гектар баробар буд.

Дар қарори ҳукумат “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”, ки ҳанӯз соли 2017 қабул шудааст, гуфта мешавад, то соли 2025 қаламрави пойтахт ба андозаи 18 ҳазор га, то соли 2040 – 25 ҳазор га ва пас аз соли ба масоҳати 30 ҳазор га васеъ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.