Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими ба истифода додани Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» иштирок кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маркази савдою хизматрасонӣ бо саҳмгузории соҳибкори ватанӣ Шавкат Аюбов бо харҷи 8 млн сомонӣ бунёд гардидааст.
Лоиҳаи иншооти мазкур, ки аз 2 қисми 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, аз ҷониби ширкатии «Ориён КС» таҳия гардида, бо қувваи коргарону мутахассисони ширкати «Нанотех М»-и шаҳри Хуҷанд бо тарҳу намуди хоса сохта шудааст.
Дар ошёнаи 1-уми марказ толори ҳусн, мағозаи фурӯши либоси тӯёна, қаҳвахона, дар ошёнаҳои 2-юму 3-юм тарабхонаҳо ҷойгир шуда, дар ошёнаи 4-ум маркази бозию шуғли кӯдакон таъсис меёбад.
Дар толори қаҳвахонаи “Хуҷанд Плаза”мулоқоту суҳбати президент бо 50 нафар кӯдакони ятим аз шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо – сару либос ва маблағ тақдим кард.
Қаблан сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои ширкати «Сирдарё» шинос шуд. Корхона соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов таъсис ёфтааст.
Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Русия ва Чин васлу насб гардидаанд. Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ бо назардошти коркарди мавсимии меваю сабзавот дар як шабонарӯз наздики 10 тонна меваю сабзавотро ташкил медиҳад.
Дар корхонаи “Сирдарё” афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот истеҳсол мешавад.
Гуфта мешавад, ар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардида, дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.
Афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тозаи корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Афғонистону Қирғизистон содирот карда мешаванд.
Рӯзи 1 июл дар ноҳияи Деваштич президент аз заминҳои кишти картошка ва зироати ғалладона боздид намуда, бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста