Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27 октябр бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни сафар президент бо рӯзгори мардум аз наздик шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун иштирок мекунад ва бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ дидору мулоқот мекунад.
Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳри Бохтар президент нахуст Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар расонидани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталии вилояти Хатлон як автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.
Дар идома дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар бо ҳузури сарвари давлат Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Макбати хусусии инноватсионӣ” ба истифода дода шуд. Муассисаи таълимии хусусӣ аз таҳхона, 6 ошёна, 22 синфхона, 5 лаборатория, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мактаби замонавӣ аз ҷониби оилаи Назризодаҳо барои 480 хонанда дар як баст бунёд гардида, раванди таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар муассисаи нави таълимӣ 300 нафар хонанда дар се зина ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелиро аллакай бо рубл мехарад
Шумори муҳоҷирони ба Русия воридшуда аз рекорди 6 сол пеш зиёд шуд
Вазорат норасоии омӯзгоронро аз 3 ҳазору 406 ба 544 нафар расондааст. Норасоии омӯзгорон дар кишвар ҳал шуд?
Агентии Оғохон ба мақомоти ноҳияҳои Рашту Файзобод паноҳгоҳҳои изтирорӣ тақдим намуд
Мансабдори давлатӣ барои шаҳодатномаи замин 13 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст
Ширкати 7 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Эквадор
“Толибон” боз хостори баргардонидани чархболҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон шуданд
Темур Раҳимов дар вазни худ ҷудокори №1 дар ҷаҳон шуд
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Бубинед кай ва кадом роҳҳо баста мешаванд
Низомиёни тоҷик дар бозиҳои ҳарбии “Десанти баҳрӣ-2022” иштирок мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста