Шоми имрӯз, 27-уми ноябр, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) ба Туркманистон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Манбаъ менависад, дар сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Пагоҳ, 28-уми ноябр, дар Ишқободи Туркманистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECO) баргузор мегардад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфтааст. Қароргоҳи ин созмони минтақавии байниҳукуматӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон аст.
Тоҷикистон соли 1992 дар баробари Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои ин созмон шуд.
Ёдовар мешавем, моҳи августи соли равон, Хусрав Нозирӣ бо ризояти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Дабири кулли ин созмон таъйин шуд. Ӯ то ин дам ҳамчун муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.




Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон
Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста