Дирӯз, 31-уми май, дар пайи як тағйироти кадрӣ сафирони нави Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Швейтсария, Беларус ва Туркманистон таъин гардиданд. Онҳо кистанд ва то имрӯз дар куҷо фаъолият мекарданд? “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки корномаи онҳоро пешкаши хонандагон гардонад.

Музафар Ҳусейнзода, ки тайи 7 соли охир дар маснади муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия таъин шуд.

Ӯ 48-сола аст ва 24 сол собиқаи корӣ дорад. Соли 1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1997-1999 шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия будааст.

Ҳусейнзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 дар вазифаи муовини Сардори Раёсат - Оҷонсӣ доир ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст.

Солҳои 2000-2002 котиби саввум ва котиби дуввуми Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баъд аз ин 3 сол – аз 2002 то 2005 - котиби дуввуми Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҷое, ки ҳоло сафир таъйин шуд, буд.

Музаффар Ҳусейнзода
Акс аз ВКХ-и Тоҷикистон

Пас аз ин, Ҳусейнзода боз ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омад ва солҳои 2005-2008 чун мудири шӯъбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва солҳои 2008-2011 сардори Раёсати созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии ВКХ кор кард.

Музафар Ҳусейнзода баъд аз ин барои 5 сол - аз соли 2011 то соли 2016 - Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъин шуд.

Дар ин баробар, солҳои 2014-2016 дар вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Малайзия, бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд фаъолият намуд.

Музафар Ҳусейнзода аз 29-уми марти соли 2016 то 31-уми майи соли 2023 дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Музафар Ҳусейнзода рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад ва гуфта мешавад, ки забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Ӯ оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

Шараф Шерализода, ки ду соли охир муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, дирӯз сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин шуд.

Шараф Шерализода ҳоло 42 сол дорад ва дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Атенео-и Де Манилаи Ҷумҳурии Филиппин таҳсил кардааст.

Шерализода фаъолияти меҳнативашро 20 сол пеш ба ҳайси назоратчии бахши амалиётии Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” оғоз кардааст.

Шараф Шерализода
Акс аз ВКД-и Точикистон

Номбурда солҳои 2004-2006 мутахассис ва мутахассиси пешбари шуъбаи омори демографӣ ва шуғли аҳолии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баъдан 2 сол сариқтисодчии Корхонаи фаръии “Истгоҳи Душанбе-1”-и КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” фаъолият кард.

Шараф Шерализода солҳои 2008-2011 мушовири Лоиҳаи ислоҳоти бахши давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии молияи давлатӣ ва гузаронидани таҳлилҳои функсионалии амудии вазорату идораҳо будааст.

Солҳои 2011-2012 барои кор дар вазифаи сармутахассиси дастгоҳи Котиби корпоративии ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” рафт.

Пас аз ин, номбурда 2 сол мушовир оид ба мониторинг ва арзёбии Лоиҳаи кумаки фаврӣ ба соҳаи иҷтимоии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2013 то соли 2015 директори МД “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Пас аз ин, солҳои 2015-2017 дар вазифаи директори алтернативии иҷроия дар Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Филиппин фаъолият дошт.

Солҳои 2018-2019 бошад, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва солҳои 2019-2021 муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

Аз 27-уми апрели соли 2021 то 31-уми майи соли 2023 дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Рутбаи дипломатии мушовири дараҷаи I-ро дорад.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Бахтовар Сафарзода, ки сафири Тоҷикистон дар Беларус таъин шуд, қаблан муовини котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ - намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ буд.

Бахтовар Сафарзода
Акс аз iacis.ru

Сафарзода 40 сол дорад ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад. Ӯ соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, наздики 10 сол чун муааллим ва мудири кафедра дар он ҷо кор кардааст. Ҳамин тавр, 1 сол муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Бахтовар Сафарзода соли 2015 дар мавзӯъи “Инъикоси стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ шуд.

Узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аст. Аз 7 апрели соли 2015 ба сифати Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Сафарзода бо забонҳои русӣ ва англисӣ гап мезанад.

Вафо Ниятбекзода дирӯз сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид.

Ӯ қаблан дар Раёсати тадқиқоти стратегии ВКХ Тоҷикистон кор мекард. Сипас, соли 2016 муовини сардори департаменти иттилоот ва матбуот ва дертар сардори ин департаменти дар ВКХ буд.

Вафо Ниятбекзода
Акс аз ozodi.org

Дар солҳои охир ӯ ба ҳайси сардори шӯъбаи таҳлили сиёсӣ ва барномарезии ВКХ ва ҳамчунин, фиристодаи хоси Тоҷикистон дар умури Афғонистон буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.