Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзи гузашта дар мавзеи Ганҷакии ҷамоати Чилгазии ноҳияи Исфара кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Саидидрис Бобохонови 42-соларо боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мутааллиқ ба С.Бобохонов аз пинҳонгоҳи махсус ҳудуди 5 кило маводи мухаддири сахттаъсири героини истеҳсоли Афғонистон дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба қавли мавсуф, боздоштшуда қаблан ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум гардида, мӯҳлати ҷазояшро дар қаламрави Русия адо кардааст. «Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд», - афзуд М.Асадуллоев.
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 апрели соли 2025
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста