Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон мақомоти ин кишвари ҳамсоя равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзии худ маҳдуд намесозанд. Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои дахлдор бидуни монеъа метавонанд вориди қаламрави Ӯзбекистон шаванд.
«Соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлоли давлатии Ӯзбекистон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши гирифтани раводидро доштанд, хеле кам шуд. Ба ақидаи мо, инро сабаб дар он аст, ки аксари шаҳрвандон аз боз нигоҳ доштани марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашн огаҳӣ надоранд», - гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе.
Ёдрас мекунем, ки солҳои қаблӣ дар остонаи таҷлили ҷашнҳо Ӯзбекистон реҷаи равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояро маҳдуд месохт. Ҷашни истиқлоли давлатии Ӯзбекистон ҳамасола 1-уми сентябр таҷлил мегардад.




Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026
Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста