Рӯзи якшанбе, 28-уми августи соли равон аз зиндонҳои воқеъ дар минтақаи шимоли кишвар ҳудуди 700 нафар маҳбусони мавриди афв қароргирифта озод карда мешаванд.
Твре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба иҷрои ҷазои ҷиноии вилояти Суғд Олимҷон Саидолимов хабар дод, махбусон аз муассисаи низоми қатъӣ ва шадид ва ҳамчунин боздоштгоҳи сукунат озод мегарданд. Миёни афвшудагон маҳбусони ҷинояти махсусан вазнин содирнамуда, аз ҷумла маҳбусони ба истилоҳ «сиёсӣ» низ ҳузур доранд. Онҳо маҳбусоне мебошанд, ки барои узвият дар созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд ё ҳамчунин ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба ҷуз созмондиҳандагону роҳбаронаш мебошанд. Ғайр аз ин, маҳбусони бемору маъюб, ки мавриди афв қарор гирифтаанд, низ озод карда мешаванд.
Пас аз озод шудан барои то манзили зист расонидани маҳбусон аз ҳисоби ҳукумати вилоят ва маъмурияти раёсати мазкур нақлиёт ҷудо карда мешавад.
«Дар афви мазкур ҳудуди 70 дарсади маҳбусон озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, аз корҳои ислоҳӣ боз 800 нафари дигар озод мегарданд. Мутассифона, ҳудуди 15-20 дарсади мавриди афв қароргирифтагон дубора ҷиноят содир намуда, ба зиндон дубора бармегарданд. Онҳо асосан дуздон, қаллобон ва авбошон мебошанд», - афзуд сардори Раёсат оид ба иҷрои ҷазо.
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста