Ҳайати мушовараи судии зинаи кассатсионии Суди Олии ҶТ ҳукми суди вилоятии Хатлон нисбат ба ҳафт нафар ҷонибдорони собиқ полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиевро бекор намуда, онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати яке аз судшавандаҳо Абдураҳмон Тӯраев хабар дод, суд мутобиқи моддаи 10-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» баррасии парвандаи ҷиноиро мавқуф гузошта, ҳафт нафар айбдоршавандаҳоро аз толори суд озод кард.
Адвокат зикр кард, ки моҳи сентябри соли равон суди вилояти Хатлон ҳафт нафар ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба 16 соли зиндон маҳкум намуда, бо истифода аз Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» мӯҳлати адои ҷазои онҳоро то 14 сол кам кард.
Аммо ҷониби ҳимоя бо ҳукм розӣ нашуда, ба Суди Олии ҶТ шикояти кассатсионӣ пешниҳод кард.
« Ҳамчунин мо ба дастгоҳи президенти ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ ва парлумони кишвар мактуб ирсол кардем. Пас аз шикоятҳои мо Прокуратураи вилояти Хатлон низ аз болои ҳукми суд шикоят бурд», - гуфт адвокат.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста