Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон дар Русия оид ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон маълумот расидааст. Як зан – шаҳрванди Русия, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, бо тел ефон занг зада, дархост намудааст, ки ба қазияи мазкур расидагӣ кунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии ХМ дар Русия хабар доданд, кормандони хадамот ба макони ҳодиса – шаҳри Любертсии вилояти Маскав рафта, ошкор сохтаанд, ки рӯзи 25-уми ноябр дар кӯчаи Киров миёни шаҳрванди Тоҷикистон Зокир Қурбонқулови 31-сола, сокини шаҳри Душанбе ва як шаҳрванди Русия, сокини шаҳри Саранск нофаҳмӣ рух дода, ҷанҷол мешавад.
«Баъди чанде, тахминан соатҳои 21:00 ҳамсояҳо З.Қурбонгулови ҷароҳатбардоштаро дида, бародари ӯ – Маҳмадҷонро огоҳ месозанд. Мошинии ёрии таъҷилии тиббӣ ҷароҳатбардоштаро ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол додааст, вале соатҳои 2-и шаб ӯ аз захмҳои гирифтаи корд ба ҳалокат расидааст», - гуфтанд дар намояндагии хадамот.
Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояти мазкур, сокини шаҳри Саранск боздошт шуда, корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд. Айни замон намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати кумак расонидан ба оилаи фавтида чораҳо андешида, ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкурро таҳти назорат қарор дорад», - афзуд манбаъ.
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 апрели соли 2025
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста