Дар остонаи Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни рӯзномаи Конфронси дарпешистодаи байналмилалӣ оид ба Афғонистон табодули назар карда, масъалаҳои амалии ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин робита, муҳимияти махсуси таҳия ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, ки ба эҳёи иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон ва тақвияти равандҳои ҳамгироӣ мусоидат менамоянд, қайд карда шуд.
Ҳ. Зарифӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро дар минбаъд ҳам расонидани кӯмаки васеъ ва ҳамаҷониба ба Ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар ҳалли мушкилоти муҳимтарини иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар таъкид сохт.
Вазирони корҳои хориҷии ҳарду давлат инчунин масъалаҳои омодасозӣ ва гузаронидани Конфронси RECCA – V-ро дар сатҳи баланд моҳи марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.
Дар чаҳорчӯби иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар ш.Бонни Олмон мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ низ баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва инфрасохторӣ баррасӣ намуданд.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва идомаи ҳамкориҳои фаъоли тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бо ҷалби шарикони минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ бо мақсади ҳарчи зудтар пиёда сохтани лоиҳаҳои умумиминтақавӣ муҳокима карданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи андеша доир гардид.
Конфронс оид ба Афғонистон таҳти раёсати президенти Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор мешавад. Дар кори конфронс намояндагони 88 кишвар ва 17 созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла ҳудуди 60 нафар вазирони корҳои хориҷии давлатҳо иштирок мекунанд.
Бори нахуст дар форуми чунин сатҳ оид ба Афғонистон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ширкат меварзад. Ҳукумати Покистон ба нишони эътироз нисбат ба ҳамлаи ҳавоии чархболи НАТО, ки бар асари он беш аз бист нафар низомиёни покистонӣ ба ҳалокат расиданд, аз иштирок дар кори конфронси мазкур даст кашид.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста