Ҳудуди 20 нафар афсарони Вазорати мудофиа, нерӯҳои марзбонӣ ва Гвардияи миллии Тоҷикистон дар тамринҳо таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ-2012», ки рӯзи 18-уми июн дар Бишкек оғоз гардид, иштирок мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни тамринҳо, ки дар он намояндагони сохторҳои қудратии ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок доранд, масоили ҳамкории мутақобила зимни омодагирӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба расонидани кӯмак дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ ва дар амал санҷида мешаванд.
Мутахассисони сохторҳои қудратии ИМА бо иштирокдорони тамринҳо дар бораи методикаи омодагӣ ва баргузории тамринҳои компютерӣ ва машқҳо, кор бо харитаҳои электронӣ ва дигар масоил машғулиятҳо доир месозанд. Бо ин мақсад Маркази мнтақавии ҳамоҳангсозӣ, Маркази миллии вокуниш ба вазъи буҳронии Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳамчунин Марказҳои миллии фаврӣ дар кишварҳои иштирокчии тамринҳо ташкил карда мешаванд. Тамринҳо то 29-уми июн идома меёбанд.
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, соли гузашта тамринҳои ба ин монанд бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратии кишварҳои дар боло зикршуда дар Донишкадаи низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуда буданд.




Гузориш аз “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ”. Қиссаи зане, ки бо сӯзану ришта нақш меофарад
Вазорати нақлиёт гуфтааст, теъдоде аз ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд
Оғози мулоқоти рӯ ба рӯ. Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
Барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад. Болоравии арзиши барқ ба зиндагии мардум чӣ таъсир мерасонад?
Шикасти футзалбозону пирӯзии футболбозони Тоҷикистон
Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2026
Талош барои оғози зиндагии нав. Баъди як моҳи куштори Қобилҷон Алиев, модар ва додараш чӣ ҳол доранд?
Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд - 2021-2025”-ро гуфтанд
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста