Тағйиротеро, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза зидди терроризм» пешниҳод шуда буд, имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дастгирӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки мутобиқи тағйирот, минбаъд таҳияи рӯйхати гумонбаршудагон ба терроризм ва ҳабси суратҳисобу амволи манқул ва ғайриманқули онҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анҷом дода мешавад.
Дар идома Прокурори генералӣ гуфт, қарор дар бораи манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон, мусодираи амволи онҳо аз ҷониби Суди олӣ бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ амалӣ мегардад.
Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов аз ҷумла зикр кард, ки дар сатҳи байнулмилалӣ имрӯз шарҳи мушаххаси мафҳуми терроризм вуҷуд надошта, ҳатто СММ онро шарҳ намедиҳад.
Ба андешаи раиси ҲКТ, дар Тоҷикистон ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз террористоне вуҷуд доранд, ки бо мақсадҳои сиёсӣ даст ба куштору ғорати одамон мезананд.
«Ман аз он дар шигифтам, ки айни замон як гурӯҳи кишварҳое, ки худро абарқудрат меноманд, метавонанд як кишвареро барои дифоъ аз манфиатҳои миллӣ террористӣ унвон кунанд. Чунин вазъро мо дар Миср, Либия ва Ироқ мушоҳида кардем. Дар робита ба ин, ман аз ҳукумати Тоҷикистон дархост мекунам, ки дар ин масоил мӯшикофона рафтор намоянд, то ки моро дар ин бозии ифлос истифода накунанд», - таъкид сохт Шабдолов.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо дастгирӣ аз раиси ҲКТ иброз дошт, ки соли 2006 созмони сиёсии «Ихвонулмуслимин» (Бародарони мусулмон)-и Миср, ки феълан дар инихоботии президентӣ дар кишвараш пирӯз шудааст, дар Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ эътироф гардид. «Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, раиси ин созмон ва ҳамчунин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тунис, ки онҳо низ дар интихоботи президентӣ дар Тунис дастболо шуданд, аз Тоҷикистон боздид карда наметавонанд, зеро созомнҳои таҳти сарварии онҳо қарордошта дар мо чун дар тамоми кишварҳои узви ИДМ террористӣ эътироф шудаанд», - таъкид кард раиси ҲНИТ.
Намояндаи ваколатдори президенти Тоҷикистон дар парлумон, мушовири давлатии сарвари давлат оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов изҳор кард, ки феълан 14 созмон дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда, аммо ин рӯйхат вобаста ба қарори мақомоти судӣ метавонад зиёд ё кам шавад.




Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста