Дар вохӯрии раиси ВМКБ Қодири Қосим бо фаъолон дар шаҳри Хоруғ оташбаси пурра эълон гардид.
Раиси вилоят хабар дод, ки субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на дар бораи қатъи муваққатии амалиёти махсус, ки қаблан гуфта мешуд, балки дар бораи оташбаси пурра қарор қабул кардааст. «Қарори мазкур ба иллати мавҷуд будани маҷруҳон ва дар кӯчаҳо вайрон шудани ҷасадҳои кушташудагон қабул шуд», - гуфт раиси вилоят. Талаби бесилоҳшавии дастаҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ амал хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар хусуси таъсиси як комиссия, ки ба ошкор сохтани масъалаи мавҷуд будани маҷруҳону ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта машғул хоҳад шуд, низ қарор қабул шуд. Ба ҳайати комиссия 20 нафар шомил гардиданд, ки ба онҳо сокинони шаҳри Хоруғ эътимод доранд. Дар қатори онҳо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Рамзия Мирзобекова низ ҳузур дорад, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ бар асари оташкушоии нишонзанон (снайперҳо) 7 нафар кушта шудаанд, ки 4 нафари онҳо кӯдакон ва як нафарашон зан мебошад.
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста