Имомназар Имомназаров рӯзи 22-юми август бар асари таркиш дар манзили истиқоматии худ дар ш.Хоруғ ба ҳалокат расид, - чунин аст шарҳи расмии Прокуратураи генералии ҶТ дар робита ба ин ҳодиса.
Дар идомаи иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки ин ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ-фаврии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ фаъолият дорад, мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷааш чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Имомназар Имомназаров яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон маҳсуб меёфт. Субҳи рӯзи 22-юми август ӯ дар манзилаш бо сабабҳои то ҳол норӯшан кушта шуд. Ҳамчунин наздикони ӯ, аз ҷумла бародараш низ захмӣ шуда, ба беморхона мунтақил гардидаанд. То ҳанӯз аз ҷониби кӣ сурат гирифтани ин ҳамла маълум нест.
И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.
Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста