Тибқи нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати омодагии ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он дар ҳудуди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон машқҳои тактикӣ-омодабошӣ доир гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо сафороии низомӣ машқи тактикиро оғоз намуда, сипас аз рӯи нақшаи таъсисдодаи ситоди назораткунанда амалиёт шуруъ гардид.
Гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳои омавии шартӣ ташкил карда шуда, аз кормандони милитсия-иштирокчиёни машкҳои тактикӣ маҳорати баланди касбӣ, одобу муоширати хоса ва бе зарару талафот ба эътидол овардани вазъи ба амал омодаро талаб мекард. Шартҳои минбаъдаи машқи тактикӣ озод кардани гаравгонҳои шартӣ, аз хатари тарконидан ҳифз кардани иншооти муҳими стратегӣ, тирпаронии нишонрас бо истифода аз гранатамёт, техникаҳои зиреҳпӯш иборат буд. Рафти машқҳоро Вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов, сардорони мақомотҳои қудратии вилоят ва дигар шахсони расмӣ назорат намуда, ба маҳорату таҷриба ва омодабошии ҳарбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баҳои баланд доданд.
Баргузории чунин машқҳои тактикӣ на танҳо муайянкунандаи ҳолати омодабошии кормандони милитсия дар ҳолатҳои фавқулода мебошад, балки дар он нафарони ботаҷриба, нишонзанҳо-мерганҳои беҳтарин муаррифӣ мешаванд.
Дар охир барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ, ҷасорату омодабошии ҳайати шахсӣ он нафароне, ки аз худ маҳорати хосаи касбӣ нишон доданд, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ пеш аз мӯҳлат бо рутбаҳои махсуси низомӣ ва медалу нишонҳои соҳавӣ мукофотонада шуданд. Инчунин он шаҳрвандоне, ки барои баргузории машқҳои тактикӣ ба кормандони милитсия мусоидат кардаанд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ва Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.




Нархи патент боз дар кадом минтақаи Русия гарон шуд? Ном ба ном
Сафорати Чин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ва Афғонистон хост, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар накунанд
Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд
Марги як ҷавони 19-сола дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ дар Русия. Расонаҳо гумонбарро зодаи Тоҷикистон мегӯянд
Дар радабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор гирифт
Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст
“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон
Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши барфи шадид дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 8
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста