Чанде қабл сафаҳоти қариб ҳамаи нашрияҳои мустақилро ному аксҳои маҳбуси собиқ Саидалӣ Казаков зеб медод, ки пас аз маҳкумияти 8-сола моҳи октябри соли равон ба озодӣ баромада буд. Ӯ аз қонуншиканиҳо дар маҳбас, тамаъҷӯии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ аз зиндониён ва шиканҷаву кирдори бераҳмона дар онҳо ошкоро суҳбат мекард.
Рӯзи сешанбе, 27-уми ноябр Саидалӣ Казаков аз шаҳри Санкт-Петербург ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, изҳор кард, ки ӯ дар ин шаҳр таҳти муолиҷа қарор дошта, афроде бо сарулисбоси мулкӣ ӯро таъқиб мекунанд.
«Ба фикрам, онҳо кормандони «амният» бо сарулибоси мулкианд. Дар бозору дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ онҳо ба мардум аксҳои маро нишон дода, аз онҳо мепурснд, ки оё маро дидаанд, зеро ман ба онҳо зарур будаам. Гӯё ман ягон ҷинояткоре буда мавриди пайгардӣ қарор дошта бошам», - мегӯяд Казаков.
Ба қавли вай, пас аз ин ҳодиса наздиконаш ба мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе рафта, онҷо бори дигар итминон ҳосил намудаанд, ки ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор надорад. Ӯ мегӯяд, шояд барои як силсила мусоҳибаҳои ошкоро бо журналистон пас аз озодӣ мавриди таъқиб қарор гирифта бошад.
«Ман аз ҳеҷ касе пинҳон шуданӣ нестам ва пас аз муолиҷа ба Душанбе бармегардам», - иброз дошт Казаков ва таъкид намуд, ки пас аз чанд соли зиндон ба бемории сили шакли пӯшида гирифтор шудааст.




Нархи патент боз дар кадом минтақаи Русия гарон шуд? Ном ба ном
Сафорати Чин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ва Афғонистон хост, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар накунанд
Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд
Марги як ҷавони 19-сола дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ дар Русия. Расонаҳо гумонбарро зодаи Тоҷикистон мегӯянд
Дар радабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор гирифт
Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст
“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон
Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши барфи шадид дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 8
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста