Мувофиқи фармони нимаи моҳи март баимзорасида аз ҷониби президент «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1986-1995 ба хизмати ҳарбӣ», аз 1-уми апрел маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ оғоз мегардад.
Мутобиқи фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2012 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Тибқи фармони мазкур, моҳҳои апрел-майи соли 2012 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раисони шаҳру ноҳия масъуланд.
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
“Сердаромадтарин соҳаи боғдорӣ”. Чӣ тавр аз парвариши ангур метавон сарватманд шуд?
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
мухаммадшарифи Файзулло28 март, 2013 10:47
ШАХСОНЕ КИ дар муассисахо таълимми яъне дар мактабхои миёна хамчун омузгор фоъолият мекунанд ва дорои чои кори доми хастанд дар хамин муассиса оё инхоро аз чониби комисарияти харби даъват карда мешаванд ё не? ВА дар рафти аблава дастгир шаванд имконияьи оздшуданро доранд ё не? Ва ё агар дар дасти хамин гурухт кори фатанд кадом чорахоро дидаметавонад? максад аз ин саволхо инсат ки ман худам хамчун омузгори чавон дар як муассисаи ьаълими фаолият мекунам ва мехохам хаминро аник фахмам О ё ин дуруст аст ки шахсоне ки дар мактабхои дехот кор мекунад онхоро ба хизмати харби даъват наменамоянд? ва нафарони ки дар мактабхои шахр кор мекунанд онхоро ба хизмати даъват мекунанд яъне ин муассиса наметовонад ба ин нафарон мусоидат кунад барои пасгар донад