Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор намуд, ки мақомоти қудратии кишвар ба пешгирии ҳама гуна сенарияи гурӯҳҳои ҷудогона дар маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ омодаанд.
Ба қавли ӯ, ҷиҳати такмили малакаҳо дар мавриди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии бенизомиҳо, бо воҳидҳои махсуси милиса як силсила машғулияту тамринҳо гузаронида шуданд.
«Ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки дар ҳама гуна ҷомеа гурӯҳҳое мавҷуданд, ки рӯйдодҳои вақти кишвар табъи дилашон нест ва онҳо ба изҳори норозигиашон бо роҳи ғайриқонунӣ омодаанд ва имрӯз мақомоти қудратӣ ба пешгирӣ ва посух ба ин гуна афрод ва амалҳои иғвогаронаи онҳо қодиранд», - таъкид дошт вазир.
Дар посух ба саволи журналистон дар бораи сабаби аз моҳи апрел ба посбонии шабона фаро гирифта шудани намояндагони мақомоти қудратӣ дар баробари кормандони милиса, Раҳимов чунин изҳор кард: «Ин ба чорабиниҳои муҳими дар шаҳри Душанбе пешбинишуда рабт дорад».
«Ғайр аз ин, дар давраи посбонӣ кормандони Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ таъмини ҳифзи иншооти ба зимма гузоштаашонро пурзӯр мекунанд. Дар маҷмӯъ гуфта метавонам, ки посбонии шабона натиҷа ба бор меоварад – фазои шаҳр оромтар гардида, як қатор ҷиноятҳо ошкор ва пешгирӣ шуданд. Кормандоне, ки шабона посбонӣ мекунанд, рӯзона аз кор озоданд», - афзуд вазир.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз моҳи апрел кормандони мақомоти интизомӣ (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод) мунтазам ба посбонии шабона дар пойтахт машғуланд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста