Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи мухаддиротӣ дар ҶТ ва ҳамкориҳои минбаъда директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо муовини директори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи ВКХ Британияи Кабир хонум Даяна Маккелви вохӯрӣ баргузор намуд.
Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ директори Агентӣ хонум Маккелвиро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.
Ғайр аз ин Р. Назаров ба меҳмон дар бораи ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа, ҳамчунин дар бораи гузаронидани аввалин чорабиниҳои байналмилалии зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон ва Қирғизистон маълумот дод.
«Дар навбати худ хонум Даяна Маккелви ба фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд дод.«Дар айни замон Агентӣ яке аз мақомоти баландпоя ва касбӣ ба шумор меравад ва метавонад аз натиҷаҳои ба даст овардааш ифтихор намояд»- қайд намуд ӯ.



“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста