Тренинги якҳафтаина дар мавзӯи ошкор сохтани ҳуҷҷатҳои сохта ва мубориза бо убури ғайриқонунии марз, ки дар доираи кӯшишҳо баҳри таҳкими имконоти кормандони мақомоти марзбонӣ барои 22 нафар марзбонону афсарони тоҷику афғон аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд, имрӯз ба итмом расид.

Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, барномаи давраи омӯзишӣ аз масоили сохтор ва хусусияти назорати муосири марзӣ, ошкор сохтани ҳуҷчатҳои сохтаи хурӯҷ, пешгирии убури ғайриқонунии марз ва дигар фаъолияти ҷинояткоронаи фаромилии марбут ба ҳуҷчатҳои сохта иборат буд.

Коршиноси пулиси миллии Туркия оид ба ин масъалаҳо бо иштирокчиёни тренинг машғулиятҳои амалӣ доир намуда, онҳо бо шумори зиёди намунаи ҳуҷчатҳои баргузории таҳлили чунин ҳодисаҳо ва тарзи кори таҷҳизоти муосир барои назорати ҳуҷчатҳо аз наздик ошно гардиданд.

Сафир Маркус Мюллер, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иштирокчиёнро бо хатми давраи омӯзишӣ табрик гуфта, аз ҷумла изҳор намуд: «Ба такмили малакаҳои кории марзбонони тоҷику афғон натанҳо ҳамчун ба воситаи афзоиши имконот ва самаранокии кори онҳо дар посгоҳҳои назорати марзӣ бояд нигарист, балки он ҳамчунин як саҳмест дар рушд ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ миёни ду кишвар ва тарзи муосиру пурсамари мубориза бо ҷинояткории фаромиллист».

Дар маросими супурдани дипломҳо намояндагони нерӯҳои марзбонии ҶТ ва сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.