Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова комиссияи ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбиро сарварӣ мекунад. Сардори Раёсати ташкиливу сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушбахт Мироваров муовини ӯ таъин шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, муоинаи хушсифати тиббии даъватшавандагон, роҳандозии фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба дӯши ин комиссия вогузор шудааст.

Тибқи қонун, моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, ба хизмат даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.