16 нафар афсарони марбут ба ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти махфӣ дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз оҷонсиҳои мубориза бо маводи мухаддир, Кумитаи ҳифзи сарҳад, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук семинари миллӣ оид ба таҳлили иттилооти махфӣ ширкат намуданд.

Тавре Сӯҳроб Қаҳҳоров, менеҷери Барномаи БОМКА дар ҶТ хабар дод, семинари мазкурро барномаи БОМКA, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мешавад (МБСРМ), ташкил намуд.

Дар тӯли 5 рӯзи семинар тренери байналмилалӣ ба ширкаткунандагон мавзӯи таҳлили иттилооти махфиро дар форматҳои гуногуни интерактивӣ бо машқҳои амалӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин мавзӯъҳои ҷамъоварии иттилоот ва идоракунии он, таҳлили ҷиноят ва техникаи фикрронии интиқодӣ баррасӣ гардиданд.

Махсусан, тренер дар якҷоягӣ бо ширкаткунандагон роҳҳои таҳлили бизнеси ҷиноии марбут ба қочоқи маводи муходираро, ки ба соҳаи кори иштирокчиён алоқаманд аст, муҳокима намуданд. Интизорӣ меравад, ки мо дар охири семинар иштирокчиён бо назария ва амалияи техникаи аввалиндараҷаи таҳлилкунӣ ошно мегарданд.

Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мешаванд (МБСРМ).