Рӯзи 9-уми декабри соли ҷорӣ дар доираи сафари хизматии худ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ зери роҳбарии Директор генерал –лейтенанти милитсия Р. Назаров бо сардори Раёсати Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари вилояти Свердловскии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти политсия Михаил Каган вохӯрӣ гузаронид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита о ҷомеаи Агентӣ, дар вохӯрӣ масъалаҳои ташкили ҳамкориҳо дар самти бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, табодули ахбори оперативӣ, ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ баррасӣ шуданд.
Инчунин дар доираи сафари хизматии худ роҳбари Агентӣ бо раисони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими вилояти Сведловск вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ таҷрибаи пешқадами ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа, дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни минтақавӣ ва байнидавлатӣ дар ояндаи наздик ва дурр муайян карда шуданд.
Сафари ҳайати Агентӣ ба Федератсияи Россия идома дорад. Имрӯз вохӯриҳои ҳайат бо намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти маҳаллӣ, роҳбарони Раёсатҳои ХФНМ, вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Тюмен, инчунин бо ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази фарҳангии тоҷикон «Пайванд»» ба нақша гирифта шудааст.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста