Бинобар сабаби сард шудани обу ҳаво ва боришот, алалхусус боридани борон ва барфи зиёд, ки дар шабонарӯзи 16,17 ва 18-уми декабр дар назар дошта шудааст, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ҷузъу томҳои Вазорат, аз ҷумла Раёсати БДА, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД ва дигар воҳидҳо супориш дод, ки ҳолати омадабошӣ қарор дошта бошанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар супориши вазир таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо, рафъи офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма, омадани сел, лағжиши сангу хок, сар задани сӯхтор ва ғайра таъкид шудааст.
Гуфта мешавад, хадамоти дахлдори вазорат вазифадор карда шудаанд, ки дар сурати рух додани ин гуна ҳодисаҳо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷойҳо барои расонидани кӯмак ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ сафарбар карда шаванд.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста