Сокинони мавзеи наздимарзии Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар марз бо Тоҷикистон гирдиҳам омадаанд, талабҳои нав пешниҳод мекунанд.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гуфтушунидҳои раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов ва дар маҷмӯъ намояндагони вилояти Суғд бо намояндагони сохторҳои ҳукуматии вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя то нимаи шаби дирӯз сурат гирифта, субҳи имрӯз низ дубора идома ёфтанд. «Айни замон низ гуфтушунидҳои раиси шаҳр ва муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов бо раҳбарияти вилояти кишвари ҳамсоя ҷарён дошта, ҷонибҳо роҳу воситахои раҳоӣ аз чунин вазъро баррасӣ мекунанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Тешаев, сокинони Қирғизистон далелҳои оварда ва машваратҳои раҳбарияти вилояташонро гӯш надода, нияти парокандашавӣ хам надоранд ва бобати таъҷилан барқарор кардани корҳои сохтмон дар роҳи мошингарди Оқсой – Тамдикро, ки тавассути мавзеи Бедаки ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон мегузарад, талаб доранд. «Сохтмони ин роҳ моҳи апрели соли ҷорӣ бо қарори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон мутаваққиф шуда буд», - иброз дошт котиби матбуотӣ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, он замон намояндагони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб ба хулосаи ягона расида буданд, ки роҳи мазкур бояд баъди аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сохта шавад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.
Сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасид.




Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста