Роҳи мошингарди Исфара - Ворух, ки рӯзи 18-уми декабр аз ҷониби сокинони мавзеи Оқсойи кишвари ҳамсояи Қирғизистон баста шуда буд, то ҳанӯз боз нашудааст.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз гуфтушунидҳои мақомоти раҳбарии шаҳри Исфара ва вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилояти Ботканд ва муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов бобати боз кардани роҳи мошингарди Исфара-Ворух ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.
«Сокинони деҳои Оқсой ба далелу машваратҳои мақомоти раҳбарии вилояти Ботканд эътибор намедиҳанд ва пароканда шуданӣ ҳам нестанд. Онҳо таъҷилан барқарор кардани корҳои сохтмон дар роҳи мошингарди Оқсой – Тамдикро, ки тавассути мавзеи Бедаки ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон мегузарад, талаб доранд. Ҳукумати шаҳри Исфара ва вилояти Суғд аз сокинони Тоҷикистон даъват доранд, ки ба иғвогариҳо дода нашаванд», - зикр кард Тешаев.
Ба гуфтаи ӯ, сохтмони ин роҳ моҳи апрели соли ҷорӣ бо қарори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон мутаваққиф шуда буд. «Он замон намояндагони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб ба хулосаи ягона расида буданд, ки роҳи мазкур бояд баъди аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сохта шавад ва тибқи мувофиқаҳои он вақт ҳосилшуда, анҷоми корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳсии марзи давлатӣ манъ шуда буд», - гуфт котиби матбуоти раиси шаҳри Исфара.
Номбурда ҳамчнуин изҳор кард, ки гуфтушунидҳо оиди ба боз кардани роҳи мошингарди Исфара – Ворух имрӯз идома меёбанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.
Сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасид.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар ин робита зикр кард, ки чунин ҳодисаҳо махсус бо мақсади бастани роҳҳо ва дар ин замина оғоз шудани низоъҳои нав роҳандозӣ шуда, ҷониби Тоҷикистон ин рӯйдодҳоро ҳамчун иғовагарӣ арзёбӣ менамояд .
Ҳамчунин қаблан иттилоъ дода будем, ки сокинони мавзеи наздимарзии Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар марз бо Тоҷикистон гирдиҳам омадаанд, талабҳои нав пешниҳод мекунанд.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста