Рӯзи 6-уми январи соли равон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сардорони як қатор раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд. Аз ҷумла:
- полковники милитсия Кабиров Ҷўрахон Ҳакимович, ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- полковники милитсия Гадоев Зафар Ниёзмадович, ба вазифаи сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷўии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- полковники милитсия Солиева Зумрат Тухтасиновна, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
-полковники милитсия Тағоймуродов Субҳонқул Усмонқулович, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод,
- подполковники милитсия Маҳмадов Алимардон Аҳмадович, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом,
- полковники милитсия Эмомов Раҷаб Эмомович, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ,
- подполковники милитсия Назаров Бахтиёр Бобоевич, ба вазифаи сардори Шўъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара,
- полковники милитсия Қосимов Илҳом Обидович, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров,
- подполковники милитсия Пиров Маҳмадсафар Қузратуллоевич, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ,
- полковники милитсия Маҳмудов Шамсулло Хайруллоевич, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан,
- подполковники милитсия Насимов Қосим Наимович, ба вазифаи сардори Шўъбаи №2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара,
-подполковники милитсия Бурҳонов Олим Палвонович, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар,
- подполковники милитсия Бахтдавлатов Бахтдавлат Назарбекович, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ,
- майори милитсия Махшулов Давлатбек Бафоевич, ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз таъин гардиданд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки имрӯз нақши онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ, маданӣ-варзишӣ ва ғайра хеле назаррас аст ва дар вазифаҳои баланди давлатӣ адои вазифа мекунанд, як нафар зан, ки номаш дар боло зикр гардид, дар мақоми баланди роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардид.
Дар ин рӯз, дар толори маҷлисгоҳи Вазорат Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов кадрҳои навинтихобшударо ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ намуда, ба онҳо муваффақият хост.
Мавсуф таъкид намуд, ки барои эътимоду боварӣ ба чунин кору вазифаи пурмасъулият, шумо бояд вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона иҷро карда, бо шаҳрвандон муоширату муносибати хубро ба роҳ монед. Дар баробари сари вақт баррасӣ кардани арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ба онҳо дар ҳалли душворӣ ва мушкилоти пешмеомада кӯмак намоед.



Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста