Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи ахиран дар чанде аз ВАО-и ватаниву хориҷӣ интишор гардидани хабарҳо дар бораи дарёфт шудани автомашинаҳои рабудашуда аз Олмон дар Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ шарҳи расмӣ интишор намуд.
Шарҳи мазкури Вазоратро дар зер манзуратон мегардонем:
«Аз нимаи дуюми моҳи декабри соли ҷорӣ дар баъзе аз сомонаҳои интернетӣ мақолаҳое интишор шуда истодааст, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 200 адад автомашина, асосан тамғаи BMW, ки аз Олмон рабуда шуда буданд, дарёфт гардиданд. Муаллифон бо такя ба мақолаи дар рӯзномаи олмонии Bild ба чопрасида, қайд мекунанд, ки автомашинаҳои рабударо дар ҳудуди Тоҷикистон ба воситаи системаи GPS ошкор кардаанд.
Чӣ хеле ки маълум аст, воридоти автомашинаҳо ба Тоҷикистон аз Олмон ва давлатҳои Прибалтика асосан ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ва ё роҳи заминӣ cурат мегирад. Ҳангоми интиқол додан зиёда аз 6-7 ҳазор километр ва қаламрави як қатор мамлакатҳои аъзои шартномаи Шенген (Олмон, Лаҳистон, Литва, Латвия) ва ИДМ (Белорус, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон) убур карда мешавад, яъне бемамониат сарҳади давлатӣ ва гумрукии тақрибан 10 кишварро мегузарад, ки дар дидбонгоҳҳои ин кишварҳо ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт, мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.1999 сол, таҳти №441 «Дар бораи тасдиқи тартиби қайди давлатии воситаҳои нақлиётии механикӣ ва ядакҳо» ба воситаҳои нақлиёт баъди санҷиши ҳаматарафа ва пардохти боҷи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои гумрукӣ дода мешавад, ки дар асоси онҳо автомашинаҳо бо тартиби муқарраргардида, дар қайди давлатӣ дар ҷузъу томҳои бақайдгирӣ-имтиҳонотии БДА гузошта мешаванд ва дар навбати худ ин ниҳод гувоҳнома оиди бақайдгирӣ ва аломатҳои давлатии бақайдгирӣ медиҳад. Ҳамзамон, барои аз қайди БДА баровардан ба автомашинаҳои нав 3 моҳ мӯҳлати маҳдудият дода мешавад.
Ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтан, ҳар як автомашина бо системаи ASF ва I-BATCH, ки бо портали I-Link котиботи Генералии Интерпол пайваст аст, санҷида мешавад. Дар сурати аз ҷониби системаи мазкур ошкор шудани воситаи нақлиётии рабудашуда ва ё дуздӣ, дарҳол ба таври автоматӣ ба ташаббускори кофтуков хабар дода мешавад. Ташаббускори кофтуков, бояд дар навбати худ тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро тайёр намуда, бо роҳҳои дипломатӣ ба кишваре, ки автомобилҳо ёфт шудаанд, бояд фиристад.
Мавриди зикр аст, ки то ҳоло ягон хабари расмӣ аз ташаббускори кофтуков аз Олмон ба Бюрои миллии «Интерпол» ворид нашудааст.
Дар котиботи Генералии Интерпол махзани ахборотҳо (SMV) оид ба воситаҳои нақлиётии рабудашуда созмон дода шудааст, ки воситаи муҳим дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Айни замон дар махзани ахбороти Интерпол 7,6 миллион воситаи нақлиёти рабудашуда, ба қайд гирифта шудааст.
Дар давоми 3 соли охир аз рӯи иттилооти баъзе расонаҳо аз ҳудуди Олмон зиёда аз 50 ҳазор воситаҳои нақлиёт рабуда шудааст.
Аз соли 2011 то инҷониб, ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиётие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, 127 далели ворид намудани автомашинаҳои рабудашуда ба қайд гирифта шудааст, ки 57-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Аммо бояд қайд намуд, ки автомашинаҳои нишондодашуда бо системаи GPS баъд аз 2-3 моҳ ва баъзан баъди ним сол ва зиёда аз ин ба қайди кофтуков дохил шуданд, яъне аз тарафи Олмон ҳангоми дар қайд гузоштани нақлиёти рабудашуда, ба кашолкорӣ роҳ додаанд.
Дар бораи ҳар як далели он, ба роҳбарияти ВКД сари вақт хабар дода шуда, бо супориши онҳо маводҳои ҷамъовардашуда оид ба воситаҳои нақлиётии нишондодашуда, ба мақомотҳои тафтишотӣ пешниҳод карда шудаанд.
Инчунин бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои бақайдгирии автомобилҳои нишондодашуда ва хариду фурӯши онҳо маҳдудият гузошта шудааст.
Бинобар ин шаҳрвандон нисбати ин маҳдудият ба суд муроҷиат намуда эътироз оварданд, ки дар вақти харид ва ба қайд гузоштан, автомашина дар кофтуков қарор надошт.
Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, 55 нафар соҳибони ин гуна автомобилҳоро харидорони поквиҷдон эътироф намуд, чунки онҳо ин моликиятро ба воситаи дасти сеюм ва чорум харидорӣ намуданд.
Воситаҳои нақлиёти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Олмон ва кишварҳои Прибалтика воридгашта аз ҷониби шахсони алоҳида аз соҳибкорони маълуми ин давлатҳо харидорӣ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи автомашинаҳои нишондодашуда руйхати алоҳида дошта, ягонтои он ба номи аъзоёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хешовандони наздик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.
Чи тавре ки маълум аст, ҳамаи коргузорӣ, ҳамкориии байнидавлатӣ ва байнимақомотӣ ба воситаи ба имзо расонидани шартномаҳои дуҷониба яъне дар асоси заминаи ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Аммо миёни Тоҷикистон ва Олмон ягон ҳуҷҷати баимзорасида дар ин самт вуҷуд надорад ва механизми дастгир кардан ва баргардонидани нақлиёти рабудашуда пешбинӣ нашудааст.
Бинобар аз ҷониби мо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният омода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар моддаи 13-и ин лоиҳа мубориза бо дуздӣ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт дар миқёси байналмилалӣ дарҷ карда шудааст. Аммо то ҳоло ҷавоби расмӣ оиди лоиҳа ба суроғаи мо аз ҷониби Германия ворид нашудааст.
Мавриди қайд аст, ки пешравии лоиҳаи Созишнома баъди вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Грен, ки 20-уми сентябри соли 2013 баргузор гардида буд, ҷоннок гардид. Дар вохӯрии мазкур, Вазири корҳои дохилӣ ба маълумоти сафир расонид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2011 лоиҳаи Созишномаи мазкур қабул гардида, моҳи феврали соли 2012 ба роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Олмон фиристода шудааст. Пешниҳодҳои тарафи Олмонро қабул намуда, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 июли соли 2012 лоиҳаи аз нав коркардшударо ба Олмон ирсол намуд. Бинобар Вазир аз ҷаноби Холгер Грен хоҳиш намуданд, ки барои ҳар чӣ тезтар ба имзо расонидани ин ҳуҷҷати муҳим мусоидат намояд».
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста