Дар шаҳри Исфара гуфтушуниди фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳамтои қирғизаш Раҳимбердӣ Дуйшенбиев ҷараён дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда оид ба аз хатти сарҳад дур бурдани нерӯҳо ва воҳидҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

«Ғайр аз ин, интизорӣ меравад, ки имрӯз ҷонибҳо оид ба натоиҷи аввали тафтиши ҳодисаи муноқиша миёни марзбонони ҳарду кишвар рӯзи 11-уми январ табодули назар хоҳанд кард», - иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ба тафтиши муноқишаи зикршуда ҳарду ҷониб машғуланд.