Дар гуфтушуниди фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо и.в. сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, ки шаби гузашта дар шаҳри Исфара анҷом пазируфт, ҳеҷ гуна санад ба имзо нарасид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда оид ба аз хатти сарҳад дур бурдани нерӯҳо ва воҳидҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
«Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба натоиҷи аввали тафтиши ҳодисаи муноқиша миёни марзбонони ҳарду кишвар рӯзи 11-уми январ, ки мустақилона ҳарду ҷониб мегузаронанд, табодули назар намуданд. Ғайр аз ин, ҳарду ҷониб тавофуқ ҳосил карданд, ки барои саривақт пешгирӣ ва танзим кардани мухолифатҳои имконпазир дар марз робитаи доимӣ роҳандозӣ мекунанд», - иброз дошт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, сари масъалаи посбонии муштараки қитъаҳои баҳсноки марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил нашудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз нимаи моҳи январ қитъаҳои баҳсони марзро дастаҳои муштараки мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар посбонӣ мекунанд.
Саидҷаъфар Усмонзода дар боздоштгоҳ 64-сола шуд. Сарнавишти ояндаи ӯ ҳамоно норӯшан аст
Тоҷикистон ва БОР дар бораи сохтмони долони сабз созишномаи грантӣ ба имзо расониданд
Ҷаримаи ҳангуфт барои ҳоҷизиёрат. Қариб 8 млн сомонӣ ҷаримаи сокинони Тоҷикистон дар нӯҳ моҳ
“Шеъри ӯ итминон барои оянда аст”. Фарзона 60-сола шуд
Дар Русия ба имтиҳонҳо барои муҳоҷирон нархномаи ягона муайян шуд
Майя Санду бори дигар президенти Молдова интихоб шуд
Муттаҳамони нав дар парвандаи “Крокус”. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҷавоне, ки забони ҳайвонот медонист”
Кор дар Черногория. Ҳақи кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Байни Тоҷикистон ва Кувайт 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста