Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи давлатии ҳарду кишвар хатсайрҳои муштараки посбонӣ таъсис доданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд.
«Дар қаламрави деҳоти наздимарзӣ 8 хатсайри муштараки посбонии кормандони милисаи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда шуданд», - гуфтанд дар Раёсат.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва равуои бемамониати воситаҳои нақлиёту сокинони ин деҳот ва пешгирии муноқишаҳо дар марз мусоидат мекунад.
«Кормандони масъули мақомоти милисаи ҳарду кишвар ҳамарӯза аз соати 9-и субҳ то 22-и шаб дар 3 хатсайри автомобилӣ ва 5 хатсайри пиёдагарди муайяншуда муштаракан посбонӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки чунин хатсайрҳои муштараки посбонии марз муқаррар шудаанд:
№1. «Хатсайри автомобилии «Чоркуҳ – Оқсой». Минтақаи посбонӣ – қаламрави деҳоти Уртабуз - Хоҷаи Аъло - Оқсой.
№2. «Хатсайри автомобилии Сомониён-Кӯктош». Минтақаи посбонӣ – қаламрави деҳоти Зарафшон – Яккатерак – Первомайск - Кӯктош.
№3. «Хатсайри автомобилии Ворух – Оқсой». Минтақаи посбонӣ – қаламрави деҳоти Ворух – Оқсой.
№4. «Хатсайри пиёдагарди Сомониён – Кӯктош».
№5. «Хатсайри пиёдагарди Уртабуз».
№6. «Хатсайри пиёдагарди Хоҷаи Аъло – Томтумшуқ».
№7. «Хатсайри пиёдгарди Ворух – Оқсой».
№8. «Хатсайри пиёдагарди Зарафшон – Уртабуз».




Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста