Аз аввали моҳи феврал дар назди Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ нахустин мактаби омодакунии прапоршикҳо ба фаъолият оғоз кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, дар курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозоне, ки муддати якуним сол дар сафи Артиши миллии кишвар хизмат намудаанд ва шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар эҳтиёт мебошанд, дар асоси шартномаи тарафайн ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
«Айни замон, дар маркази таълимии мазкур аз рӯйи 8 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд, ин ҳам бошад, старшинаи рота, тирандози савора дар техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, мошинҳои ҷангии пиёданизом, танк, сардори анбор, механики авиатсионии ҳавопаймо ва чархбол, сардори радиостансия ва стансияҳои радиолокатсионӣ, техник-сардори дастаи зенитиву ракетӣ ба роҳ монда шудааст, ки пас аз анҷоми курсҳои кӯтоҳмуддат хатмкунандагони он вобаста ба ихтисос ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, бо ҷои кор таъмин карда мешаванд», - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Ба иттилои манбаъ, инчунин ба курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ сарбозоне, ки маълумоти миёна ё миёнаи касбӣ доранду аз хизмати ҳарбиашон як солу шаш моҳ сипарӣ гаштааст, тибқи хоҳиши таҳсил ба мактаби прапоршикӣ шомил карда мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки барои таълимгирандагони мактаб дар дохили бинои таълимӣ шароитҳои хуби маишиву хизматӣ муҳайё карда шудаанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста