Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 9 апрел ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи июни соли ҷорӣ шуда мегузарад, муҳокима гардиданд.

Дар ҷаласаи оперативӣ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров ба кормандони масъул оид ба омодагӣ ба ҷаласа нисбати маъалаҳои вобаста ба муомилоти маводи нашъаовар дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай вазифаҳои мушаххас дод.

Хотиррасон менамоем, ки 26-27 март дар пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой шаҳри Пекин таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон оид ба назорати прекурсорҳои Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои ваколати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардори Шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Саидов З. иштирок намуд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои амалиёти муштараки оперативӣ-профилактикӣ, ки дар соли 2013 аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай шуда гузашт, баррасӣ гардиданд. Инчунин масъалаҳои мубодилаи ахбор оид ба муқобилат бар зидди муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо, мубодилаи андешаҳо оид ба проблемаҳои мавҷудбуда дар соҳаи назорати муомилоти прекурсорҳо, таҷрибаи пешгирӣ намудани ихроҷи прекурсорҳо дар давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай муҳокима гардиданд.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи кори коршиносон оид ба такмил додани заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкории Ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои ваколати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, 16 апрели соли ҷорӣ дар Пекин баргузор мегардад, ки дар кори он лоиҳаи Консепсияи Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба пешгирии сӯистеъмоли воситаҳои нашъадор ва маводи психотропӣ, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2013-2014 нисбати таҳияи Барномаи амалҳо оид ба иҷроиши стратегияи Зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2015-2016 барои муҳокимаи ояндаи роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай муҳокима мегарданд. Инчунин мубодилаи иттилоот оид ба таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъовар, муҳокимаи пешниҳодоти тарафҳо оид ба таҳияи Барномаи амал нисбати иҷроиши стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2011-2016 баррасӣ мегарданд.

Дар кори ҷаласаи дар боло зикргардида муовини сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Маризоев М. иштирок хоҳад намуд.