Дар вохӯрии 9-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки имрӯз дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе доир мегардад, масоили муборизаи муштарак бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар навъҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ баррасӣ мешаванд.

Дар вохӯрии мазкур котибони Шӯрои амнияти кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, вазири амнияти ҷамъиятии Чин, муовини котиби Шӯрои амнияти Ӯзбекистон, дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ иштирок мекунанд.

Қаблан дар Душанбе таҳти раёсати муовини котиби Шӯрои амнияти ҶТ Давлаталӣ Ҷумъаев ва намояндагони Шӯроҳои амнияти Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷаласаи коришиносон оид ба омодагӣ ба баргузории ин вохӯрӣ барпо шуд.