Ба автомашинаи консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳамлаи мусаллаҳона ба автомашинаи консул рӯзи 16-уми май дар вилояти Қундуз анҷом пазируфта, дар натиҷа Рустам Ма ҳ мудӣ аз дасти рост ва пояш захмӣ шудааст. «Айни замон консул дар бемористон бистарӣ буда, ӯро ҷарроҳӣ карданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад», - гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти мақомоти пулиси Қундуз, то ҳанӯз ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кобул сафоратхонаи Тоҷикистон ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.
Намояндаи пулиси Қундуз Саид Сарвар Ҳусайнӣ қаблан ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки рӯзи ҷумъа, 16-уми май дар роҳи Бадахшон ба Қундуз автомашинаи консули Тоҷикистон маврди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст.




Бозхонди фурӯши баъзе аз маҳсулоти ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста