- Ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест, - гуфт сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов.
Ба гуфтаи номбурда, барои таъмини амният дар маркази маъмурии вилоят нерӯ ва воситаҳои мавҷудаи сохторҳои қудратӣ дар шаҳр комилан кофӣ аст.
Ӯ зикр кард, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ комиссияи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи рӯзи 21-уми май рухдода дар ин шаҳр машғуланд, ки бар асари он одамон ҳалок ва биноҳои Шуъбаи ВКД-и шаҳр, прокуратура ва суди вилоят оташ зада шуданд.
«Шаби гузашта вазъ дар шаҳри Хоруғ ором сипарӣ гардида, ягон ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд», - иброз дошт Садриддинов.
Зимнан зикр гардид, ки чанде қабл вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Хоруғ рафт.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста